Ғолибони Ҷоми вилояти Суғд оид ба футзал муайян гардиданд

Ноябрь 27, 2018 14:32

ДУШАНБЕ, 27.11.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 2 то 26 ноябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Мусобиқа оид ба футзал барои дарёфти Ҷоми вилояти Суғд бо иштироки 12 даста доир гардид.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур  дастаи футзали «Рахш» дар бозии ниҳоӣ дастаи футзали  «Парламент»-ро бо ҳисоби 4:2  мағлуб намуда,  соҳиби Ҷоми вилоят гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар анҷоми мусобиқа ба ғолибон ва беҳтаринҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Ноябрь 27, 2018 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд