Падару модар бояд ба рафтору ҳаракат ва истифодаи фарзандон аз интернет аҳамияти ҷиддӣ диҳанд

Ноябрь 1, 2018 17:39

НОРАК, 1.11.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Норак бо ташаббуси аҳли адабу фарҳанг ва сохторҳои дахлдор бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати  таблиғу ташвиқи  моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва пешгирии  ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва худдорӣ  аз  фарҳанги ба миллати  мо бегона бо фаъолони  ҷамоатҳои деҳот  ва  хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр вохӯриҳо баргузор гардида истодаанд.

Тибқи иттилои масъулини ҳукумати шаҳри Норак, дар вохӯриҳо аз сокинон даъват карда мешавад, ки баҳри рушду тараққиёти давлати соҳибистиқлол, таъмини амнияти кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ камари ҳиммат баста, фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстию созандагӣ тарбия намуда, рафтору муомилаю истифодаи телефонҳои мобилии онҳоро назорат намоянд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак Ҳабиба Сафарова мегӯяд, ки «тарбияи фарзанд аз хона оғоз мегардад. Дар синни наврасию ҷавонии фарзандон падару модарон бояд нисбат ба рафтору ҳаракат ва истифодаи интернет дар телефони онҳо  аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Дар сурати пеш омадани мушкилӣ баҳри тарбияи фарзанд бояд падару модар бо аҳли адабу фарҳанг ё  роҳбарони мақомоти маҳаллию кормандони  ҳифзи ҳуқуқ хамкорӣ  ба роҳ монда, фарзандонро  ончунон тарбия намоянд, ки номбардори падару модар ва ватану миллати хеш бошанд».

Ноябрь 1, 2018 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд