РӮЗИ АБАРМАРДИ МИЛЛАТ. Пешвои миллати мо ҳамеша дастгири бечорагону ятимон, камбизоатону бенавоён ва дармондагон мебошанд

Ноябрь 15, 2018 16:29

РӮДАКӢ, 15.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди истифода қарор гирифтани агрегати якуми  НБО «Роғун» дар ноҳияи Рӯдакӣ корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд.

Тавре аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳия хабар доданд, дар 16 ҷамоати шаҳраку деҳот ва корхонаю муассисаҳо оид ба аҳамияти ин ҷашнҳои фархунда мулоқоту ҷамъомадҳо идома доранд.

Менеҷери  бахши Кумаки аввалини тиббӣ-санитарии ноҳияи Рӯдакӣ Камолиддин Мирзоев дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати якуми НБО «Роғун»   иброз намуд, ки «ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати якуми НБО «Роғун» бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мардуми тоҷик гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мунодии сулҳу ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ ватану миллаташонро чун фарзанд аз дилу ҷон дӯст медоранд. Баҳри беҳбудии некӯаҳволии халқ ва ободии Ватани азиз ҷонашонро фидо мекунанд. Абармарди миллат ва Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошанд. Аз ин ҷост, ки он касро халқ дӯст медоранду ҳамчун Сарвару Пешвои миллат  интихоб намудаанд».

Ноябрь 15, 2018 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд