РАДДИЯ БА ИТТИЛООТИ НОДУРУСТ. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари бардурӯғро инкор намуд

Ноябрь 29, 2018 15:25

ДУШАНБЕ, 29.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хабари сомонаи «Радиои Озодӣ» таҳти унвони «Чӣ хеле хостанд, ҳамон хел мошин меронанд», раддия баён намуд.

Тавре аз ин раёсат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд: «Хабарнигори «Радиои Озодӣ» бо ягон масъули мақомоти корҳои дохилӣ ҳамсуҳбат нашудааст ва омори дар хабари мазкур дарҷгардида, ки гӯё тайи як соли охир дар гӯшаҳои Тоҷикистон дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ «беш аз 700 нафар ҷон бохта, беш аз 2300 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд», нодуруст мебошад».

Аз ин хотир, манбаъ расман  иттилоъ медиҳад, ки дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ аз 1 январ то 29 ноябри соли равон 1 ҳазору 140 ҳодисаи садамаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 347 нафар пиёдагард ба ҳалокат расида, 1 ҳазору 195 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

«Шумораи мазкур дар ҳамин давраи соли 2017 ба 1 ҳазору 185 адад рост меояд, ки дар натиҷа 402 нафар ба ҳалокат расида, 1 ҳазору 228 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта буданд», — омадааст дар иттилоияи расмии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ноябрь 29, 2018 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад