Сафири тозаинтихоб Мэрилин Йосефсен: «Иттиҳоди Аврупо ҳавасманди густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст»
ДУШАНБЕ, 20.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони тозаинтихоби фавқулода ва мухтори Туркманистон Тогалаков Ҳемра Аманмамедович, Давлати Қатар Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал Абдулло, Иттиҳоди Аврупо Мэрилин Йосефсен, Финляндия Маря Лиивала, Шоҳигарии Испания Давид Артуро Карриедо Томас, Словения Бранко Раковетс, Латвия Михаил Попковс, Молдова Андрей Негутса, Малайзия Ҳенди Ассан, Ҷумҳурии Халқӣ — Демократии Корея Ким Хен Чжун, Замбия Шадрек Лувита ва Ҷумҳурии Эл Салвадор Эфрен Арнолдо Бернал Чевез эътимоднома қабул карданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Қасри миллат хабар дод, 12 сафири навтаъйин пас аз супоридани эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма бо итминон изҳор доштанд, ки яке аз рисолат ва вазифаҳои муҳиму калидии сафирон, пеш аз ҳама, ҷаҳду талоши бештар ҷиҳати пешбурди муколамаи байни кишварҳо, ташвиқу тарғиби фарҳангҳо ва мусоидат ба рушди минбаъдаи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмии байни кишварҳо мебошад, ки бо фаъолияти пурсамари дипломатӣ ба тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва кишварҳои худ мусоидат хоҳанд кард.
Сафири тозаинтихоби Иттиҳоди Аврупо Мэрилин Йосефсен Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро бо ба кор даромадани чархаи аввали НБО «Роғун» табрик намуда, гуфт, ки ҷониби Иттиҳоди Аврупо ҳамеша ҳавасманди густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст ва дар ин самт аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард. Ба иловаи Сафир, лоиҳаҳои зиёд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, гуманитарӣ, маориф, фарҳанг ва беҳдошти аҳолӣ татбиқ шуда, муколамаи ҷонибҳо дар мавзӯъҳои амнияту субот ва ҳуқуқи инсон тавсеа меёбад. Зикр шуд, ки дар мувофиқа бо намояндагони расмии Тоҷикистон самтҳои асосии робитаҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун мушаххас шудаанд ва дар оянда низ ин ҳамкории густурда идома хоҳад ёфт.
Эфрен Арнолдо Бернал Чевез, ки ба ҳайси аввалин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Эл Салвадор дар Тоҷикистон таъйин шудааст, зикр кард, ки «муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо доир ба самтҳои асосии сиёсати кишвар маълумот доданд ва ман ҳамчун сафири навинтихоб ҷиҳати равнақ бахшидан ба равобити ду кишвар ҷаҳд хоҳам кард».
Сафири тозатаъйини Шоҳигарии Испания Давид Артуро Карриедо Томас аз сатҳи ҳамкории кунунии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз намуд, ки «Тоҷикистон бо Испания дар самтҳои кишоварзӣ, илму маориф, варзиш ва сайёҳӣ метавонад табодули таҷриба намояд. Зеро дар ин самтҳо барои ҳарду ҷониб имкониятҳо фароханд».
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Қатарро хуб арзёбӣ намуданд, ки ман барои боз ҳам баланд бардоштани сифати ҳамкорӣ ҷаҳду талош менамоям»,- иброз дошт сафири тозаинтихоби Давлати Қатар Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал Абдулло. Ба қавли сафир, то ҳол имкониятҳои зиёде мавҷуд ҳастанд, ки метавон дар самти густариши равобити ҷонибҳо истифода кард. Номбурда аз муштаракоти зиёди Тоҷикистону Қатар дар самтҳои мухталиф ёдоварӣ намуда, омодагии ҷониби худро дар самти таъмини рушди минбаъдаи равобити ду кишвар иброз намуд.
Ҳенди Ассан– Сафири Фавқулода ва Мухтори Малайзия дар Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми дӯстӣ ва ҳамкории роҳбарияти олии Малайзияро ироа намуд. Номбурда аз ҳамкории кунунии Тоҷикистон ва Малайзия изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки ҷиҳати равнақ бахшидан ба равобити ду ҷониб талош мекунад.
Сафири тозаинтихоби Словения Бранко Раковетс ҳавасмандии ҳамкории ҷониби худро дар бахшҳои об ва ҳифзи табиат арзёбӣ намуда, изҳори умед кард, ки муносибатҳои ҳарду давлат ба марҳилаи нав сифатан баланд бардошта мешаванд.
Сафири Ҷумҳурии Замбия Шадрек Лувита аз робитаҳои бародаршаҳрии Душанбе ва Лусака, ки моҳи августи соли 1966 барқарор шудаанд, ёдовар гардид. «Ҷониби Замбия ҳавасманди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва кишоварзӣ буда, барои ҳамкории густурда дар ин самтҳо тамоми имкониятҳо истифода хоҳанд шуд»,-зикр кард Шадрек Лувита.









Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Риёз мулоқот намуд
Масъалаи таъсис додани Маркази зиддимухаддироти СҲШ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Тоҷикистон ташаббускори қабули қатънома дар иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ гардид
Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон дар бахшҳои нафту газ баррасӣ гардид
Дар Москва имконоти сармоягузории вилояти Суғд муаррифӣ карда шуд
Сафири Тоҷикистон дар Олмон бо Президенти Ландтаги Саксония-Анҳалт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Форуми минтақавӣ оид ба рушди устувори Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Идибек Қаландар бо роҳбари Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Шараф Шерализода дар ҷаласаи ассамблеяҳои ғайринавбатии кишварҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ оғоз шуд






