«ШАҲРИ БЕХАТАР – АЗ НИГОҲИ КӮДАК». Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД барои офаридани расми беҳтарини кӯдакона озмуни ҷумҳуриявӣ эълон намуд

Ноябрь 26, 2018 09:10

ДУШАНБЕ, 26.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои офаридани расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар роҳ- «Шаҳри бехатар — аз нигоҳи кӯдак» озмуни ҷумҳуриявӣ эълон  намуд.

Тавре аз раёсати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсад аз баргузор намудани озмуни мазкур тарғибу ташвиқи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ миёни кӯдакону наврасон ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки онҳо мебошад.

Ба иттилои манбаъ, озмуни мазкур дар асоси фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябр то 29 декабри соли 2018 баргузор карда мешавад. Дар озмун хонандагони аз 8 то 13-солаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои мамлакат метавонанд иштирок намоянд.

«Мавод то 15 декабр ба Кумитаи тадорукоти озмун пешниҳод карда шуда, ғолибони он 29 декабри соли равон аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии мамлакат бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд»,- хабар дод манбаъ.

Ноябрь 26, 2018 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад