ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, якшанбе, 315-умин рӯзи соли 2018 аст

Ноябрь 11, 2018 08:55

11 ноябри соли  2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

8 сол пеш аз ин, 11 ноябри соли 2010 дар Ашқобод Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои роҳбарони воҳидҳои молиявию иктишофии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд.

11 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Канада – Рӯзи ёдбуд.

***

Дар Ангола – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Полша – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар ИМА – Рӯзи собиқадорон.

РӮЙДОДҲО:

11 ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон нақшаи ҳамкории ҳарбӣ барои соли 2010 ба имзо расид.

***

11 ноябри соли 2016 дар Минск ансамбли рақсии «Зебо» дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус, ки 4 рӯз идома ёфт,  ҳунарнамоӣ кард.

***

2 сол пеш, 11 ноябри соли 2016 дар Австрия форуми Тоҷикистону Австрия «Имкониятҳои иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистон» доир шуд.

***

11 ноябри соли 1973 миёни Миср ва Исроил шартномаи сулҳ ба имзо расид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1940  аввалин маротиба мошини тамғаи «Ҷип» бароварда шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Ноябрь 11, 2018 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш