ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2018 аст
12 ноябри соли 2015 дар қароргоҳи Президенти Покистон маросими супоридани унвони фахрии «Доктори фалсафа ва иқтисод» — и Донишгоҳи Қоиди Аъзам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардид.
***
9 сол қабл, 12 ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон ва Туркманистон доир шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 «Боғи миллии Тоҷикистон» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.
12 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории илтиҳоби шуш.
***
Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон – Рӯзи Конститутсия.
РӮЙДОДҲО:
12 ноябри соли 2014 ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Ҷоми қаҳрамонӣ барои ғалаба дар Чемпионати Тоҷикистон-2014 супорида шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расид.
***
12 ноябри соли 2015 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тоҷикистон-2030: дар самти рушди устувори инсоният» Симпозиуми байналмилалии илмӣ –оммавӣ баргузор гардид.
***
34 сол қабл, 12 ноябри соли 1984 дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия конфронси Созмони ваҳдати Африқо дар сатҳи роҳбарони кишварҳо баргузор гардида буд.
***
12 ноябри соли 1993 дар Ӯзбекистон асъори нав-сом ба муомилот бароварда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1970 дар Ҳиндустон ва Покистон дар натиҷаи шадидтарин тундбоди асри XX зиёда аз 500 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад