ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2018
14 ноябри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2006 дар шаҳри Душанбе намояндагии ширкати «Alcatel» ифтитоҳ гардид.
14 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии мубориза бо диабети қанд.
***
Дар Россия – Рӯзи ҷомеашиносон.
***
Дар Беларус – Рӯзи оҳангарон.
РӮЙДОДҲО:
14 ноябри соли 2014 масъалаҳои парламентӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, саноатӣ ва илмиву фарҳанги Тоҷикистону Россия муҳокима шуданд.
***
14 ноябри соли 2015 миёни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Покистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
Як сол пеш, 14 ноябри соли 2017 дар Тоҷикистон таҳти унвони «Дӯстӣ ба хотири оянда» фестивали кинои Корея-2017 доир гашт.
***
108 сол муқаддам, 14 ноябри соли 1900 Сенати Франсия ба занон иҷозати дар адвокатура кор кардан дод.
***
Дар ин рӯзи соли 1947 Ассамблеяи Генералии СММ дар бораи зери назорати Комиссияи муваққатии СММ оид ба Корея баргузор намудани интихоботи умумӣ дар саросари ин кишвар қарор қабул намуд.
***
14 ноябри соли 1990 Полша ва Германия дар бораи эътироф намудани сарҳади давлатӣ созишнома ба имзо расониданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2000-ум бунёдгузори ширкати “Microsoft” Билл Гейтс барои мубориза бо ВНМО (СПИД) ба Нигерия 25 миллион доллар ҷудо намуд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад