ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, душанбе, 330-юмин рӯзи соли 2018 аст

Ноябрь 26, 2018 08:00

26 ноябри соли 2014  дар шаҳри Душанбе  пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан дар ҳузури сарони ду давлат Созишнома миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Чехия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илмҳои тиббӣ ба имзо расонида шуд.

***

4 сол пеш, 26 ноябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чехия баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи ҷаласаи дурӯзаи Шӯрои роҳбарони мақомоти давлатӣ оид ба танзими бозори қоғазҳои қиматноки кишварҳои узви ИДМ доир шуд.

 26 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии иттилоот.

***

Дар Россия – Рӯзи модар.

***

Дар Абхазия – Рӯзи модар.

 РӮЙДОДҲО:

26 ноябри соли 2008 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ дар доираи баргузории ҳафтаи Аврупо дар  Тоҷикистон дар мавзӯи «Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва афзалиятҳои он дар Тоҷикистон» конфронс баргузор гардида буд.

***

26 ноябри соли 2013 дар Тоҷикистон барои асардуздӣ ҷавобгарии маъмурӣ ҷорӣ карда шуд.

***

134 сол муқаддам, 26 ноябри соли 1884 дар Россия ба амволи ғайриманқул андоз ҷорӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1949 Конститутсияи Ҳиндустон қабул карда шуд.

***

54  сол пеш аз ин, 26 ноябри соли 1964 барои нигоҳ доштани қурби фунт стерлинг Британияи Кабир аз бонкҳои хориҷӣ дар ҳаҷми 3 миллиард доллар заём гирифт.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1976  тамғаи тиҷоратии «Microsoft» ба қайд гирифта шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Ноябрь 26, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд