ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, сешанбе, 331-умин рӯзи соли 2018 аст

Ноябрь 27, 2018 08:00

27 ноябри соли 2015 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ гардид.

***

2 сол пеш, 27 ноябри соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар кори Саммити оби Будапешт ба Венгрия сафар карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар пойтахти Англия шаҳри Лондон таҳти унвони «Тоҷикистон дар асри XXI. Дурнамо барои рушд ва тараққиёт» конфронс доир шуд.

27 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Россия – Рӯзи қӯшунҳои баҳрӣ.

***

Дар Куба- рӯзи  таърихӣ- Рӯзи бузургдошти донишҷӯёне, ки аз дасти Ҳукумати Испания ҳалок шудаанд.

 РӮЙДОДҲО:

27 ноябри соли 2013 дар шаҳри Исфара Форуми сармоягузории рушди шаҳри Исфара доир гашт.

***

27 ноябри соли  2013 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии «Хизматрасониҳои давлатӣ: дастрас ва босифат» баргузор гардид.

***

Як сол пеш, 27 ноябри соли  2017 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия  Созишномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2016-2017 ба имзо расид.

***

27 ноябри соли 1895 Алфред Нобел васиятномаи худро имзо кард ва дороии ӯ ба фонди ҷоизаи Нобел ворид шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1898 дар натиҷаи тундбоди барфӣ дар Ню-Йорк зиёда аз 450 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

67 сол муқаддам, 27 ноябри соли 1950 ҳайати ҳукумати коммунистии Чин дар СММ ба ҳайси назоратчӣ иштирок намуд.

 ***

27 ноябри соли 1998  силсилаи бозиҳои компютерии «ФИФА» ба фурӯш бароварда шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1940  Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон (Чкаловск) – и вилояти Суғд таъсис ёфт.

***

Соли 1966 дар таърихи футболи касбии америкоиҳо калонтарин ҳисоби бозӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки дастаи «Вашингтон» дастаи  «Ню-Йок»-ро бо ҳисоби 72:41 мағлуб кард.

 Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Ноябрь 27, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш