ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, чоршанбе, 332-юмин рӯзи соли 2018 аст

Ноябрь 28, 2018 08:00

28 ноябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рӯйхати 500 мусулмони бонуфузтарини олам, ки Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Аммон бо дастгирии Маркази ҳамдигарфаҳмии мусалмонону масеҳиёни Ҷорҷтаун тартиб дода мешавад, шомил шуданд.

***

8 сол пеш, 28 ноябри соли 2010 дар ноҳияи Данғара маросими ботантанаи оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Сангтўда-2» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Венгрия Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати ташаббускори бузург дар масоили байналмилалии марбут ба об дар Саммити оби Будапешт суханронӣ карданд.

28 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Албания – Рӯзи истиқлолият (ҳамчунин чун Рӯзи парчам машҳур аст).

***

Дар Мавритания –Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

28 ноябри соли 2007 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» қабул гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014  дар Тоҷикистон Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015-2017 қабул гардид.

***

28 ноябри соли 1821 Панама аз Испания истиқлолият ба даст овард.

***

28 ноябри соли 1950  «План Коломбо» — ташкилоти байналмилалӣ оид ба кумак расонидан дар рушди иқтисодиёти кишварҳои Осиё ва Уқёнуси ором таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1994 дар Норвегия дуюмин маротиба барои шомил шудани кишвараш ба Иттиҳоди Аврупо раъйпурсӣ гузаронида шуда буд, ки аксарияти интихобкунандагон узвият ба Иттиҳоди Аврупоро рад карданд.

***

28 ноябри соли 2016 дар натиҷаи садамаи ҳавопаймо қисми зиёди аъзои дастаи футболи Бразилия «Шапекоэнсе» ба ҳалокат расиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1947  аввалин шумораи  рӯзномаи «Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон»  нашр шуд.

***

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди байниҳукуматии Тоҷикистону Германия оид ба масъалаи ҳамкории иқтисодӣ-техникӣ баргузор гардид.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Ноябрь 28, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 ноябр, шанбе, 314-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 ноябр, ҷумъа, 313-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 ноябр, панҷшанбе, 312-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 ноябр, чоршанбе, 311-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 ноябр, сешанбе, 310-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 ноябр, душанбе, 309-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, якшанбе, 308-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, ҷумъа, 306-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, панҷшанбе, 305-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, чоршанбе, 304-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, сешанбе, 303-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, душанбе, 302-юмин рӯзи соли 2024 аст