ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 ноябр, душанбе, 309-умин рӯзи соли 2018 аст
5 ноябри соли 2008 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими ботантанаи ба истифода додани НБО «Сангтӯда -1» баргузор гардид.
***
10 сол муқаддам, 5 ноябри соли 2008 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши шабакаи нави телевизионии «Ҷаҳоннамо» ва шабакаи радиои «Фарҳанг» оғоз гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 дар Кохи Борбади пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қисмати ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» доир шуд.
5 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи ҷаҳонии паҳн кардани иттилоот оид ба мушкилоти сунами.
***
Дар Россия — Рӯзи разведчики ҳарбӣ.
РӮЙДОДҲО:
5 ноябри соли 1964 дар шаҳри Душанбе муҷассамаи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гузошта шуд.
***
5 ноябри соли 2010 дар шаҳри Гулистон (Қайроққум) — и вилояти Суғд Маркази фарҳангии «Кохи Истиқлол» ифтитоҳ гардид.
***
5 ноябри соли 2016 дар шаҳри Ҳисор Комбинати металлургии тоҷик ба истифода дода шуд.
***
2 сол пеш, 5 ноябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе форуми «G5 Startup Forum» баргузор гардид.
***
5 ноябри соли 1935 бозии рӯимизии «Монополия» сохта шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1927 дар Англия аввалин маротиба чароғаки роҳи худкор ба кор дароварда шуд.
***
Соли 1956 дар Англия бори аввал пахши телевизиони ранга ба роҳ монда шуд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад









Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






