ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 ноябр, чоршанбе, 311-умин рӯзи соли 2018 аст

Ноябрь 7, 2018 08:00

7 ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин масоили васеъи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

 ***

7 ноябри соли 2011 навсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе — Турсунзода — сарҳади Ӯзбекистон расман оғоз ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол мақоми 137-умро ишғол кард.

6 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи театри тоҷик.

***

Дар Қирғизистон- Рӯзи иттилоот ва матбуот.

 ***

РӮЙДОДҲО:

7 ноябри соли 1959 студияи телевизионии Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.

***

7 ноябри соли 2014  Созишномаи қарзи имтиёзнок миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти (Эксимбонки) Ҷумҳурии Мардумии Чин барои сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии нави шаҳри Душанбе ва ба 400 мегаватт расондани иқтидори умумии он ба имзо расид.

***

7 ноябри соли 2017 ҳуҷумкунандаи дастаи   «Истиқлол»-и Душанбе Манучеҳр Ҷалилов, ки дар  бозиҳои  Ҷоми АФК-2017 дар маҷмӯъ 9 тӯбро ба ҳадаф расонидааст, беҳтарин бозингари  мусобиқа дониста шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1931 агентии иттилоотии «Хитойи сурх» (ҳоло «Синхуа») таъсис дода шуд.

***

76 сол муқаддам, 7 ноябри соли 1941 дар Майдони сурх паради қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардид.

 ***

7 ноябри соли 1994 Кореяи Ҷанубӣ манъи муносибатҳои тиҷоратиро бо Кореяи Шимолӣ бекор кард.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1929 аввалин театри касбии тоҷик – ҳоло Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ифтитоҳ гардид.

***

Соли 1951 дар Киев аввалин маркази телевизионии Украина ба кор даромад.

 Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад.

 

 

Ноябрь 7, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш