Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Остона мулоқот намуданд

Ноябрь 8, 2018 09:08

ДУШАНБЕ, 08.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябри соли 2018 дар шаҳри Остона мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири навтаъйини корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба ва рушду такомули минбаъдаи муносибатҳо, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, инчунин масоили сарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо инчунин доир ба ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СААД ва САҲА табодули афкор намуданд. 

Ноябрь 8, 2018 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд