ВКД ҶТ ХАБАР МЕДИҲАД: боз як гумроҳ хатояшро дарк кард
ДУШАНБЕ, 26.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ (РМЗҶМ ВКД) дар вилояти Суғд дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барномаи давлатии баргардонидани афроди гумроҳ, пайравони гурӯҳу равияҳои дорои хусусияти экстремистию террористии фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ, ки берун аз ҳудуди кишвар қарор доранд, бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ тавонистанд боз як ҳамватани моро аз таъқиби ҷиноятӣ озод намоянд.
Шаҳрванд Ахмедов Мирзоҳаким Мирзоумарович, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара қариб чор сол боз ҳамчун аъзои фаъоли ташкилоти экстремистию терростии «Гурӯҳи 24» барои содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 307, иловаи 1 ва 307, иловаи 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ; Ташкили иттиҳоди экстремистӣ) дар кофтуков карор дошт.
Бино ба маълумоти фаврию тафтишотии исботшуда, шаҳрванд М. Ахмедовро мубаллиғони «Гурӯҳи 24» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб намудаанд. Бо шомил шудан ӯ дар саҳифаҳои интернетӣ ба ҳайси таблиғотчӣ баромадҳои иғвоангез намуда, ба бадномкунии Тоҷикистон машғул шудааст. Чунин кирдори ҷиноятӣ боис гашт, ки моҳи марти соли 2015 нисбат ба Мирзоҳаким Ахмедов аз ҷониби Раёсати тафтишотии ВКД парвандаи ҷиноятӣ оғоз шавад.
Бо мусоидати мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси эзоҳи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумроҳ Мирзоҳаким Ахмедов, ки аллакай хатояшро дарк намуд, ба Ватан баргашт.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки новобаста аз хавфнокии ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ дар сурати ихтиёрӣ ҳозир шудан ва мавҷуд набудани дигар аломатҳои таркиби ҷиноят шахси гунаҳгор авф карда шавад. Ҳар нафари ба чунин ҷиноятҳо айбдоршаванда имкон дорад дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз ин фурсат истифода барад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






