ЗАРУРИЯТИ ИДЕЯҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР. Курси такмили ихтисос барои муовинони раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ шурӯъ гардид
ДУШАНБЕ, 30.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои муовинони раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи «Идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ гардид. Дар он 66 нафар муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат доранд.
Мувофиқи ҷадвали машғулиятҳои курси такмили ихтисос, дар баробари омӯзгорони соҳибтаҷрибаи Донишкада, намояндагон, коршиносони сохтору мақомоти кишвар, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи модулҳои таълимии «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави геополитикӣ, «Бархӯрди кишварҳои абарқудрат ва таъсири он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон», «Нақши Президент Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон», «Саҳми хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав», «Сарварӣ дар низоми идоракунии давлатӣ», «Идеологияи миллӣ: заминаҳо ва дурнамо», «Ташаккули Тоҷикистон ва низоми идоракунии он», «Зарурати идеяҳои миллӣ дар ҷомеаи муосир» маърӯза-суҳбатҳо мегузаронанд.
Дар доираи курси мазкур дар баробари азбаркунии донишу малака табодули таҷриба аз раванди кории минтақаҳои гуногуни кишвар ба миён меояд, ки ба пешбурди фаъолияти шунавандагон мусоидат хоҳад кард.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






