ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Балҷувон бинои нави Қасри фарҳанг мавриди истифода қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 11.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми се соли дарпешистода зарур аст, ки дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру навсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг вусъат дода шавад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли равон зимни суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷамоати кишвар баён доштанд.
Дар робита ба ин супориши созандаи Сарвари давлат ва ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ бовусъат ҷараён дорад.
Дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон низ дар доираи нақшаи тадбирҳо бахшида ба 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави Қасри фарҳанг бо 360 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зикр гардид, ки созандагию бунёдкорӣ, зебову хуррамгардонӣ ва шукуфоии Тоҷикистон рисолати шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси миллат буда, аз сиёсати сулҳҷӯёнаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.
Бояд гуфт, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба рушди фарҳанг аҳамияти калон зоҳир гардида, дар тамоми қаламрави мамлакат иншооти гуногуни фарҳангӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд. Аз ҷумла, сохтмони бинои нави Қасри фарҳанг дар ноҳияи Балҷувон соли 2016 оғоз гардида, он бо маблағи 5 миллиону 389 ҳазор сомонӣ дар маркази маъмурии ноҳия бунёд гардид.
Бинои Қасри фарҳанги ноҳия бо техникаи хозиразамон, ба мисли компютер ва принтерҳо, асбоби нави тақвияти овоз ва 12 номгӯй асбоби мусиқии халқӣ таъмин карда шуд.








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






