Ҷаласаи моҳонаи кишварҳои узви Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором дар Маҷмаи умумии СММ таҳти раёсати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Декабрь 19, 2018 13:45

ДУШАНБЕ, 19.12.2018 /АМИТ «Ховар»/.  18 декабр Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ба ҳайси Раиси Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки аз 55 кишвари узви СММ иборат аст,  дар ҷаласаи Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба 70-умин солгарди Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва 25-умин солгарди Эъломияи Вена ва Барномаи амали он суханронӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар суханронии худ аз номи Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором Намояндаи доимии Тоҷикистон  иброз дошт, ки ҳуҷҷатҳои мазкур ормонҳои муштарак ва иродаи умумии ҷомеаи ҷаҳониро барои манфиати инсоният таҷассум менамоянд.

М. Маҳмадаминов инчунин таъкид кард, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар худ ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шаҳрвандиву сиёсиро дар бар мегирад, ки онҳо танҳо дар ҳамоҳангӣ бо якдигар метавонанд муваффақ бошанд.

Зимни ҷаласаи мазкур ба таваҷҷуҳи ширкаткунандагон маълумоти муфассал оид ба кори анҷомдодашуда тайи моҳи ҷорӣ пешниҳод гардида, масъалаҳои марбут ба номзадии кишварҳои узви Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором ба ниҳодҳои гуногуни СММ баррасӣ шуданд.

Декабрь 19, 2018 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид