Ҷаласаи Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ таҳти раёсати Тоҷикистон мегузарад
ДУШАНБЕ, 18.12.2018./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Теҳрон ҷаласаи 29-уми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ /СҲШ/ (Economic Cooperation Organization /ECO/) таҳти раисии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Созмон Неъматулло Эмомзода оғоз ёфт.
Роҳбарии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ба уҳда дошта, инчунин ба он намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, нақлиёт ва иқтисоду савдои мамлакат шомил мебошанд.
Назар ба иттилои коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии СҲИ Шоҳмансури Шоҳмирзо, дар ҷамъомад дар доираи ҷаласаҳои кумитаҳои соҳавӣ як зумра масъалаҳои муҳиму мубрами фаъолияти СҲИ, аз ҷумла банақшагирии фаъолияти он дар соли 2019 мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 29-уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ то 20 декабр идома хоҳад ёфт.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






