ҲАМДУ САНО БА ҒОЛИБОН! Имрӯз ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ оид ба сохтмони майдончаҳои варзишию бозии кӯдакона, бунёди боғу гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд

Декабрь 3, 2018 16:15

ДУШАНБЕ, 03.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ғолибони озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ оид ба сохтмони майдончаҳои варзишию бозии кӯдакона, бунёди боғу гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳри Душанберо  қадрдонӣ намуданд.

Саҳмгузорӣ дар ободию зебогии ҳар як гӯшаи диёр нашонаи баланди ватандӯстию ватандории ҳар фарди ҷомеа мебошад. Дар воқеъ хизматҳои нафароне, ки дар ин амалҳои бунёдкорӣ нақш доранд, аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда мешаванд ва  онҳо пайваста дастгирӣ меёбанд. Аз ҷумлаи амалҳои бузурги бунёдкорию ободонӣ тадбирҳои бунёди боғу гулгаштҳо ва майдончаҳои варзишӣ мебошад, ки давоми  қариб ду соли охир анҷом дода шудааст.

Тӯли ду соли охир дар шаҳри Душанбе корҳои созандагию ободонӣ вусъати дучанд касб намуда, барои сокинону меҳмонони пойтахт имконияту шароити беҳтари маишию хизматрасонӣ фароҳам оварда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки танҳо соли равон дар шаҳри Душанбе тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 92 майдончаи варзишию бозии кӯдакона бунёд гардида, 12 боғу гулгашт таҷдиду навсозӣ карда шудаанд.

Бо мақсади  босифат ба иҷро расонидани корҳо дар бунёди майдончаҳои варзишӣ,  навсозии боғу гулгаштҳо ва ҳавасмандгардонии бунёдкунандагон озмуни ҷумҳуриявӣ эълон гардида буд, ки дар рӯзҳои охири соли равон  ҷамъбаст гардид.

Давоми солҳои охир бо ташаббуси созандаи Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои пайгиронаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ соҳаҳои муҳими пойтахти мамлакат рушд карда, симои шаҳр кулан дигаргун гаштааст. Ҳоло корҳои созандагию бунёдкорӣ бо суръат ҷараён дошта, барои фароҳам овардани имконияту шароитҳои беҳтари кору зиндагӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт марҳила ба марҳила тадбирҳои нав амалӣ мегарданд.

Имрӯз бо дастгирӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 42 нафар ғолибони дигари Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ оид ба сохтмони майдончаҳои варзишию бозии кӯдакона, бунёди боғу гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мукофотҳои хотиравии Раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Хотиррасон мешавем, ки 29-уми ноябр дар  ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 41 нафар ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ карда шуда буданд. Дар ин ҷаласа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар соли 2019  дар баробари пойхтахти мамлакат дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ сохтмон ва навсозии майдончаҳои варзишӣ ва боғу гулгаштҳо  идома дода мешавад.

Декабрь 3, 2018 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд