«ҶАВОНОН – БАР ЗИДДИ ВНМО»! Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид

Декабрь 3, 2018 11:43

ДУШАНБЕ, 03.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВИЧ/СПИД дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон бар зидди ВНМО»- оид ба пешгирии хатари паҳншавӣ ва оқибатҳои бемории сироятии ВНМО/БПНМ бо иштироки донишҷӯён ва кормандони соҳаи тиб ҳамоиш баргузор гардид. Бояд гуфт, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии хатари паҳншавии ин беморӣ ҷамъомадҳои судманд доир мегарданд.

Ҷамъомадро муовини ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тарбия Зулфия Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки соли 2017  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020»-ро ба тасвиб расонд. Ҳадафи асосии он таъмини дастрасии баробар ва умумии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат оид ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО мебошад.

Мутахассисони соҳаи тиб ба донишҷӯён оид ба роҳҳои пешгирӣ аз сирояти ин беморӣ маълумот доданд. Зикр гардид, ки нишонаҳои ВНМО дар аввал шабеҳи зуком, аз ҷумла, вараҷа, дарди сар, дамидани доначаҳо ва дарди  гулӯ ба назар  мерасанд, аммо дар марҳилаи сироятӣ оҳиста – оҳиста аломатҳои варамидани ғадудҳои сафро, лоғаршавии бадан, вараҷа, исҳол,  «дарунравӣ» ва сулфа ба чашм  мерасанд. Давраи ноаёни ин беморӣ аз 3 то 6 моҳ давом  мекунад. Марҳилаи охирини сирояти ВНМО/БПНМ бо гузашти 2-15 сол вобаста ба ҳолати масунияти инсон инкишоф меёбад.

Сироятшиноси Маркази саломатии шаҳрии №8 Сайфиддин Ёдгоров иброз намуд, ки  дар ҷаҳон тақрибан 40 миллион одамон бо  сирояти ВНМО ҳаёт ба сар мебаранд. Зиёда аз се ду ҳиссаи онҳо дар Африқо ва ҷануби биёбони Сахара истиқомат мекунанд. Теъдоди аз ҳама зиёди гирифторони ВНМО дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ мебошад, ки тақрибан 5 миллионро ташкил медиҳад. Аммо тибқи бозҳисоби он нисбат ба як тан, ин нишондиҳанда дар Бостван ва Свазиленд зиёдтар аст. Дар Свазиленд ҳар як шахси сеюми калонсол сироятшуда мебошад. Ба ғайр аз мамлакатҳои Аврупо айни ҳол ВНМО зудтар аз ҳама дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ паҳн шуда истодааст. Аз соли 1999 то соли 2002 миқдори сироятшудагон дар ин ҷо тақрибан сечанд зиёд гардидааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба ин вирус соли 1991 ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти омори расмӣ, то нуҳмоҳаи соли 2018 шумораи умумии сироятёфтагони ВНМО (аз соли 1991) дар ҷумҳурӣ 8026 ҳодисаро ташкил медиҳад. Шумораи умумӣ оид ба сироятёфтагони ВНМО танҳо дар 9 моҳи соли 2018 ба 932 нафар расидааст. Аз теъдоди умумии сироятёфтагон 4925 нафар мард (61,4%) ва 3101 нафарашон зан (38%) мебошанд.

Пеш аз оғози ҷамъомад донишҷӯён  варақаҳои таблиғотии марбут ба пешгирии хатари паҳншавӣ ва оқибатҳои  бемории сироятии ВНМО/БПНМ-ро ба шаҳрвандон тақсим карда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монданд.

Декабрь 3, 2018 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст