Аввалин хатмкунандагони мактаби хониши сиёсии «Созандагони Ватан» соҳиби сертификат гардиданд
ДУШАНБЕ, 21.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин хатмкунандагони мактаби хониши сиёсии «Созандагони Ватан»-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур соҳиби сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд. Мактаби хониши сиёсӣ барои баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва тарбияи ватанпарастии ҷавонон нигаронида шуда, он аз аввали соли 2018 таъсис дода шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки «тарбияи наcли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсии онҳо имрӯз ба проблемаи муҳим табдил ёфтааст. Зеро дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳо ва созмонҳои мухталифе ҳастанд, ки махсусан ҷавонҳои аз ҷиҳати сиёсӣ ноогоҳ ва ба камол нарасидаи кишварҳои гуногунро барои ҳадафҳои муғризонаи сиёсӣ ва геополитикии худ истифода мебаранд. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, дар шароити имрӯза мардуми кишвар, аз ҷумла ҷавонон бояд хеле ҳушёру зирак бошанд ва манфиатҳои давлату миллатро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузоранд. Аз ин рӯ мо вазифадорем, ки ҷавононро дар рӯҳияи садоқат ба ватану миллат ва худогоҳӣ тарбия намоем».
Ба маълумоти номбурда, дар мактаби мазкур давоми як сол донишҷӯёни мактабҳои олӣ, коллеҷу литсейҳо, хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, раисони ҷавонони шаҳраку маҳаллаҳо ва муовинони раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ноҳия ба дарсҳо фаро гирифта шуданд.
Тӯли ин муддат олимону донишмандон, сиёсатшиносон, коршиносони соҳа ва собиқадорони ҲХДТ ба онҳо дар бораи ҳифзи ҳувияти миллӣ, арзишҳои волои миллати куҳанбунёд, баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғи дастовардҳои миллӣ, мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофотпарастӣ, ба одати доимии ҷавонон табдил додани риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар, парвариши инсони комил ва омода намудани кардҳои ҷавони дорои қобилияти суханварӣ, эътиқоди идеологӣ ба сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат ва ҲХДТ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани шавқу ҳаваси ҷавонон ба сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон дарс гуфтанд.
Хатмкунандагон иброз доштанд, ки дар мактаби мазкур дониши сиёсии худро такмил дода, беш аз ҳарвақта баҳри ҳимояи Ватан, садоқат ба давлату Ҳукумат ва Пешвои миллат кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Мавриди зикр аст, ки маросими супоридани сертификатҳо дар толори Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Хатмкунандагони мактаби хониши сиёсии «Созандагони Ватан»-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур аз осорхонаи Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, ҷоизаву медалҳои варзишгарони маъруфи мамлакатро аз наздик тамошо карданд.








Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ






