Беш аз 1 ҳазор хоҷагии шаҳри Хоруғ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мешаванд
ДУШАНБЕ, 08.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи «Дашти Боло»-и шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кашидани хатти оби нӯшокӣ аз шоҳқубури Боғивдара то маҳаллаи Хичордев оғоз гардид. Хати оби нӯшокӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории 1,4 миллион сомонии шарикони рушд бунёд шуда, дар радифи сокинон боз 100 идораю муассисаи ҳудуди шаҳр бо оби ширин таъмин мегарданд.
Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ, дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи таъминсозии шаҳри Хоруғ бо оби тозаи ошомиданӣ, ки ҳадафи асосии он, пеш аз ҳама, дастрасӣ ба беҳдошт ва таъмини бештари сокинони шаҳр бо оби тозаи ошомиданӣ мебошад, роҳбарияти ВМКБ, сокинону меҳмонон ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар бораи ташаббусҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумат ва Президенти мамлакат дар самти пешгирӣ аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ибрози андеша намуда, зикр кард, ки «агар 10 сол пеш дастрасии сокинони вилоят ба оби нӯшокӣ 47 фисадро дар бар мегирифт, имрӯз ин нишондод 80 дарсадро ташкил медиҳад. Дар чор соли охир дар вилоят ба маблағи 4 миллион доллар корҳо дар ин самт тадбиқ гардидаанд».
Зикр гардид, ки маблағгузори лоиҳа Ҳукумати Швейтсария дар Тоҷикистон мебошад. Роҳбари дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон Валбург Рус таъкид дошт, ки дар муддати кӯтоҳтарин лоиҳаро бо сатҳу сифати баланд ба анҷом мерасонанд ва беш аз 1 ҳазору 62 хоҷагии шаҳри Хоруғ, ки 5,5 ҳазор аҳолиро дар бар мегирад, пурра бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мешаванд.
Барои тгузаронидани хатти оби нӯшокӣ ба масофаи 2,7 километр тавассути қубури диаметраш 150 миллиметру 15 сантиметр иқдом гирифта шудааст. Қубури обгузар аз мавзеи Дашт тавассути Чинак ба маркази шаҳр гузаронида мешавад. Барномаи мазкур тавассути сохторҳои дахлдори шаҳри Хоруғ ва фонди Оғохон доир ба муҳити зист амалӣ мегардад.
Ҳайати меҳмонон бо лоиҳаи таъминсозии шаҳри Хоруғ бо оби нӯшиданӣ шинос гардиданд. Гуфта шуд, ки дар доираи лоиҳа ҳамчунин ба масофаи 750 метр роҳи мошингард бунёд мешавад, ки рафту омади сокинони маҳаллаи «Дашти Боло»-ро тавассути ин масир наздик месозад.
Паймонкори лоиҳа ширкатҳои ватании ҶДММ «Помир-энергасервер» ва КВД «Бадахшон-роҳсоз»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба корҳои сохтмонӣ зиёда аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ ҷалб мешаванд. Муҳлати татбиқи лоиҳа то моҳи июни соли 2019 мебошад, вале мутахассисони варзидаи соҳа иброз медоранд, ки онро дар ду моҳ ба сомон расонида, сокинони шаҳри Хоруғро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин менамоянд.










Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






