Бонувони тоҷик дар соҳаи молия муваффақона фаъолият дошта, дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат саҳми арзанда доранд

Декабрь 7, 2018 09:30

ДУШАНБЕ, 07.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастгирии занон, ба касбомӯзӣ ҷалб намудан ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо аз масъалаҳое мебошанд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт занони мамлакатро ҳамеша дастгирӣ менамояд. Ин дастгириҳо, пеш аз ҳама, барои беҳбуди шароити кору зиндагии занон равона гардидааст. Ин матлабро муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмамадзода зимни ҷамъомад дар мавзӯи «Зани молиячӣ – хизматчии давлатӣ дар рушди кишвар» бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия, ки ҳамасола  7 декабр ҷашн гирифта мешавад, иброз  дошт.

Меҳринамо Ҷонмамадзода инчунин зикр кард, ки соли 1998 бо Қарори Ҳукумати чумҳурӣ «Нақшаи миллии тадбирҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани  мақом ва нақши зан дар солҳои 1998 — 2005» тасдиқ гардид. Санади муҳими дигар дар ин самт-ин Фармони  Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аст, ки бо амалӣ гаштани он мақому манзалати Зан-Модар дар ҷомеа баланд гардид. Маҳз иқдому ибтикори Сарвари давлат аст, ки имрӯз занону бонувони тоҷик  дар мансабҳои гуногуни давлатӣ, бахусус дар соҳаи молия муваффақона фаъолият дошта, дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар саҳми арзанда доранд.

Зимни маърӯзаи муовини раиси Шӯрои занони Вазорати молия ва сармуҳаррири Идораи маҷаллаи «Молия ва ҳисобдорӣ»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Момогул Шодиева  зикр гарид, ки Шӯрои занон дар ҷамъи занону бонувони Вазорати молия ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат ва пешбурди фаъолонаи соҳаи молия аз худ пешдастиву кордонӣ нишон дода, мояи ифтихор ва сарфарозии кормандони мақомоти молияи ҷумҳурӣ гардидааст. Имрӯз 50 фоизи кормандони вазоратро занон ташкил дода, онҳо дар вазифаҳои масъули роҳбарикунанда, аз ҷумла муовини Вазир, сардори Раёсати молияи шаҳру ноҳия, муовинони сардори Сарраёсату раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, Сарраёсату раёсатҳои вилоятҳо ва роҳбарии ташкилотҳои ҷумҳуриявии тобеи  вазорат  адои  вазифа  менамоянд.

Ҳамзамон дар ҷамъомад сардори шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавоҳир Акобирова, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Буриев ва сармутахассиси Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Пирова дар бораи иштироки фаъолонаи занон  дар ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва идора намудани давлат сухан гуфтанд.

Таъкид шуд, ки дар маҷмӯъ сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти дастгирии занон созанда буда, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки оянда онҳо дар рушди кишвар саҳми аз ин ҳам бештар мегузоранд.

 

Декабрь 7, 2018 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд