«Дар 2-3 соли оянда бояд ягон кило нахи пахта бе коркард ва бе маҳсулоти тайёр аз кишвар берун набарояд»-таъкиди Пешвои миллат дар Паёми имсола

Декабрь 26, 2018 11:58

ДУШАНБЕ, 26.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни манзури  Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён  намуданд, ки ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад. Бо мақсади таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва буҷети давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

«Дар  натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ се баробар зиёд гардид, яъне аз 7,4 миллиард сомонии соли 2000  ба 21,3 милиард сомонӣ дар соли 2018 расонида шуда, содироти маҳсулоти соҳа мунтазам афзоиш ёфта истодааст. Дар баробари ин зарур аст, ки  барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда дар самти рушди соҳа ва таъсиси ҷойҳои корӣ  ба масъалаи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ диққати бештар дода шавад»,- зикр намуданд Пешвои миллат.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, ҳоло ҳиссаи ночизи пахтаи истеҳсолшуда дар дохили кишвар коркард шуда, имкониятҳои мавҷуда, алалхусус дар самти таъсиси ҷойҳои корӣ дар соҳаи нассоҷӣ ба таври кофӣ истифода нашудаанд.  Мувофиқи маълумоти оморӣ,  соли 2018 аз ҳаҷми истеҳсоли нахи пахтаи истеҳсолгардида ҳамагӣ 10- 12 фоизи он дар дохили кишвар коркард шуда, содирот 2 баробар афзудааст.

Аз ин рӯ  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ  супориш доданд, ки дар 2-3 соли оянда ягон килограмм нахи пахта бе коркард ва бе маҳсулоти тайёр аз кишвар берун набарояд.

Декабрь 26, 2018 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид