Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ: инноватсия – инфрасохтор – дастрасии фарогир» оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 06.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ: инноватсия – инфрасохтор – дастрасии фарогир», ки тайи ду рӯз идома меёбад, ба кор оғоз намуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Форуми мазкур бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва рушди инфрасохтори низоми пардохтӣ, инчунин фароҳам овардани фазои мусоид барои табодули таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар таҳия ва татбиқи хизматрасониҳои бонкӣ тавассути технологияҳои муосири инноватсионӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ/Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ (IFC) доир гардид.
Бояд гуфт, ки дар кори Форум намояндагони бонкҳои марказии кишварҳои ИДМ, низомҳои пардохтии байналмилалии «UnionPay», «Master card», «JCB», коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллӣ, намояндагони институтҳои молиявии байналмилалӣ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва операторони алоқаи мобилӣ ширкат доштанд.
Форуми байналмилалиро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки «таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ватанӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки воридшавӣ ва ҷоришавии технологияҳои муосири рақамӣ дар бахши молиявию бонкӣ нисбатан зудтар амалӣ мегардад ва дигар бахшҳоро ҳавасманд карда, ҷалб менамояд. Бонки миллии Тоҷикистон мисли дигар бонкҳои марказӣ рушди низоми партохтиро яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуда, барои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар кишвар бо истифода аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла таввасути амалӣ намудани хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, пардохти молу хизматрасониҳо бо истифода аз воситаҳои пардохти электронӣ, афзоиши ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ, рушди техналогияҳои нав дар бахши пардохт, баланд бардоштани иттилоотонӣ ва эътимоди аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири пардохтӣ мусоидат менамояд».
Ҳамчунин Ҷ.Нурмаҳмадзода зикр намуд, ки таъмини фаъолияти самарабахши низоми пардохти кишвар яке аз омилҳои калидии фаъолияти босубот ва босуръати низоми бонкӣ ва дар маҷмӯъ иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, доир намудани Форуми мазкур барои Бонки миллии Тоҷикистон ва дар умум, барои низоми бонкии кишвар рӯйдоди муҳим мебошад.
Инчунин дар доираи Форум аз ҷониби иштирокчиён оид ба тамоюли муосири рушди хизматрасониҳои молиявии рақамию электронӣ, инфрасохтори низоми пардохтӣ ва татбиқи технологияҳои муосири инноватсионӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ бо пешниҳод намудани рӯнамоиҳо мусоҳибаҳои панелӣ ва гузаронидани суҳбатҳои «мизи мудаввар» ба нақша гирифта шудааст.








Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид






