Дар Душанбе Намоишгоҳи Сафорати Руминия баргузор шуд

Декабрь 11, 2018 12:23

ДУШАНБЕ, 11.12.2018./АМИТ «Ховар»/. 6 декабри соли 2018 дар ҳошияи ҷашни солгарди Рузи миллии Руминия бо ибтикори Сафорати он кишвар (бо қароргоҳ дар шаҳри  Остона) дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena Hotel”-и пойтахт намоиши аксҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва саноеи нафисаи Руминия, ки ба руйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил гардидаанд, баргузор шуд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони масъули вазорату идораҳои кишвар, ҳайати дипломатии муқими Душанбе ва сокинони пойтахт иштирок намуданд.

Ин иқдоми Сафорати Руминия, ки ба муаррифии фарҳанги ғанӣ ва таърихи куҳани Руминия равона шуда буд, аз ҷониби иштирокдорон баланд арзёбӣ гардид.

Руминия дар ҷанубу шарқии Аврупо ҷойгир буда, яке аз кишварҳои калонтарини ин қора ба ҳисоб меравад ва аз ҷиҳати расму оин ва фарҳангу тамаддун бой аст. Дар ин кишвар, чун дар Тоҷикистон,  ҳунари кулолгарӣ дар деҳот маъруфияти зиёд дорад ва маҳсули дасти кулолгарон ҳар сол дар Ярмаркаи байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ, ки дар ин ҷо доир мегардад, ба намоиш гузошта мешавад. Гулдӯзиҳои мардуми румин бошанд, аз ҷиҳати рангу тоб чакани тоҷикиро, чанде пештар аз ҷониби ЮНЕСКО ба Руйхати мерооси ғайримодии ҷаҳонӣ шомил гардид,  ба ёд меоранд.

Ин нахустин чорабинии фарҳангии Руминия дар Тоҷикистон ба шумор рафта, онро саҳми босазо дар рушди робитаҳои байнифарҳангии кишварҳоямон метавон унвон кард.

Маълумоти АМИТ «Ховар»:

Моҳи июли соли 1992 бо истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Руминия заминаи сиёсӣ барои рушди робитаҳои гуногунсоҳа ва мутақобилан судманд гузошта шуд.

Сафири фавқулода ва мухтори Руминия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2017 ҷ-би Чезар Армяну мебошад.

Декабрь 11, 2018 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд