Дар Душанбе натиҷаҳои таҳқиқоти тиббӣ-демографӣ муаррифӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 12.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 14 декабри соли равон натиҷаҳои таҳқиқоти тиббӣ-демографӣ-2017 /ТТД/ дар ҷараёни машварате, ки дар шаҳри Душанбе доир мегардад, муаррифӣ мешаванд.
Машварат бо ташаббуси Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумаки молиявию техникии Агентии рушди байналмилалии ИМА, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Хазинаи нуфузи СММ (ЮНФПА) баргузор карда мешавад.
Ба иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар машварат натиҷаҳои охирини таҳқиқоти тиббӣ-демографии ҷумҳурӣ, аз ҷумла таваллуд, исқоти ҳамл, банақшагирии оила, фавти навзодон ва кӯдакон, солимии модарону кӯдакон, ғизо, ВНМО/СПИД ва бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ҳуқуқҳои занон ва зӯроварӣ дар хона, инчунин дигар масоили вобаста ба солимии аҳолӣ муаррифӣ мешаванд.
Таҳқиқоти тиббӣ-демографӣ-2017 баъди Таҳқиқоти тиббӣ-демографӣ- 2012 охирон ба ҳисоб рафта, баҳодиҳии навшудаи индикаторҳои тиббӣ-демографии асосиро дар бар мегирад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






