Дар Душанбе вазъ ва ояндабинии таъмини молиявии рушди иқтисоди ҷумҳурӣ матраҳ гардид
ДУШАНБЕ, 20.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони мақомоти иқтисодию молиявии мамлакат дирӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Вазъ ва ояндабинии таъмини молиявии рушди иқтисод дар Тоҷикистон» суҳбати «мизи мудаввар» баргузор намуданд.
Сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурҷон Расулов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳамоиши мазкур бо ибтикори Маркази тақиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудааст. Ҳадафи он баррасии ҷараёни иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикр гардидаанд ва баррасии тамоюлҳои асосию самтгирии стратегии рушди бахши молиявии мамлакат мебошад.
Дар ҳамоиш, ки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, коршиносон ва намояндагони марказҳову пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ширкат доштанд, вазъи кунунии соҳаи молия, таъмини шароити мусоид барои рушди соҳаи мазкур, дурнамои фаъолияти мақомоти молия барои маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятдор ва муассисаҳои бонкӣ баррасӣ гардиданд.
Дар ҳамоиш кормандони масъул ва мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, Кумитаи андоз ва дигар макомоти марбута доир ба вазъи низоми бонкӣ ва чораҳои солимгардонӣ, ташаккул ва татбиқи сиёсати буҷети кишвар, таҷрибаи омоданамоии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ барои давраҳои миёнамуҳлат, таъмини ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, имтиёзҳои андозӣ ва хавфҳои эҳтимолии онҳо сухан карда, пешниҳодҳои судманд баён доштанд.










Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид






