Дар Хоруғ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

Декабрь 8, 2018 11:06

ХОРУҒ, 08.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар толори Раёсати Вазорати мазкур дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бо иштироки муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Абдураҳмон Аламшозода, Раиси вилояти мазкур Ёдгор Файзов, муовини Раиси КДАМ, генерал-майор Нусратулло Мирзоев, ҳайати шахсии воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД дар ин вилоят ҷамъомади танатавӣ баргузор гардид.

Аз маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят хабар доданд, ки ҷамъомадро муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода оғоз намуда, аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ҳайати шахсӣ ва ҳозиринро самимона табрик намуд.

Сипас, сардори сарситоди воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД, генерал-майори милитсия Хуршед Муҳаммадзода аз замони таъсис, фаъолият ва саҳму дастовардҳои ҳайати шахсии воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД дар даврони истиқлолияти кишвар ва шуҷоату ҷоннисориҳои фарзандони диловари Ватан ёдовар шуд.

Мавсуф дастоварду натиҷа ва пешрафти фаъолияти воҳидҳои таъйиноти махсусро, пеш аз ҳама, аз дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кард.

Раиси вилоят Ёдгор Файз низ оид ба саҳм, нақш ва фаъолияти воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД бо эҳсоси ифтихору қаноатмандӣ иброз дошт, ки воқеан ҳам таъмини тартибот ва амнияти имрӯзи кишвар, бахусус Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон далели хизмати шабонарӯзии воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД аст. Аз ин рӯ сокинони вилоят аз кору муносибат ва ҳисси баланди ватандӯстонаи онҳо розианд.

Зимни суханронӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ иброз намуд, ки дар асл ҳайати шахсии воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД дар барқарорсозии сохти конститутсионии мамлакат, безарар гардонидани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва таъмини волоияти қонун саҳми назаррас доранд. Маҳз матонату садоқат ва ҷоннисориҳои онҳо буд, ки давлату миллат ва мардуми Тоҷикистон ба ин рӯзи хуш, саодати комил ва ваҳдату сулҳ расиданд.

Муовини раиси КДАМ Нусратулло Мирзоев аз фаъолияту шуҷоат ва корнамоиҳои ҳайати шахсии воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД бо ифтихор ҳарф зада, ҳозиринро аз номи роҳбарияти КДАМ табрик гуфта, ба онҳо садоқат ва нангу ори ватандӯстона таманно кард.

Дар ҷараёни ҷамъомади идона бо фармони Вазири корҳои дохилӣ шумораи зиёди кормандон барои хизмати софдилона, содиқона, зоҳир намудани малакаи баланди касбӣ дар таъмину муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва садоқат ба савганд бо медалу нишон, Раҳматнома, Ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардиданд.

Инчунин бо фармони сардори РВКД дар ВМКБ 35 нафар кормандони воҳидҳои таъйиноти махсус бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Декабрь 8, 2018 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад