Дар ноҳияи Рӯшон варзишгоҳи муосир бо 8 ҳазор ҷои нишаст бунёд мегардад

Декабрь 22, 2018 12:44

ХОРУҒ, 22.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба бунёди яке аз калонтарин варзишгоҳ дар ин минтақаи кӯҳистони мамлакат оғоз намуданд.

Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки «ин варзишгоҳ 8 ҳазор ҷои нишаст дорад ва майдони футболи он ба меъёрҳои муосири ин намуди дӯстдоштаи ҷавонон мутобиқ мебошад. Дар ин ҷо барои баргузор кардани мусобиқаҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ тамоми шароит муҳайё карда мешавад.  Маблағгузории варзишгоҳро Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бар  уҳда дорад. Қитъаи замине, ки барои варзишгоҳ ҷудо шудааст, нокорам буда, дар канори рӯдхонаи Панҷ ҷойгир аст. Аз ин рӯ барои бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Инвесстрой» аввал зарур аст, ки заминро  ҳамвор ва қабати болоиашро аз сангу рег пур кунанд. Баръакси ҳол, баъди баланд шудани сатҳи дарё дар фасли тобистон фурӯравии замин аз эҳтимол дур нест. Барои  ҳамворкунӣ ва таҳкими таҳкурсии биноҳои маъмурию маишии варзишгоҳ 670 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст».

Бояд гуфт, ки соли 2010 баъди навсозӣ шумораи курсиҳои  варзишгоҳи шаҳри Хоруғ  аз  2 ҳазор то ба 5 ҳазор расонда шуд. Он то ба ҳол яке аз варзишгоҳҳои калони вилоят ба шумор меравад.

Декабрь 22, 2018 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд