Дар шаҳрҳои саноатии Суғд ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҷараён доранд
ХУҶАНД, 26.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳо бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар чор шаҳри саноатии вилояти Суғд ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҷараён дошта, то 31 декабр идома меёбанд. Мақсад аз ташкили ин ярмаркаҳо баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, мусоидат дар таъмини захираи маҳсулот аз тарафи аҳолӣ, дастрасии мардум ба маҳсулоти хушсифати озуқаворӣ, инчунин ғанӣ намудани хони солинавии сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз растаҳои гуногуни ярмарка иброз дошт, ки таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин ҷода таҳти роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурию судманд пайваста амалӣ карда мешаванд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки бояд нархи фурӯши маҳсулот дар бозор 10-20 фисад арзон бошад.
Зикр шуд, ки давоми ёздаҳ моҳи соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят қариб ба 7,5 млрд. сомонӣ расид.
Аз ҷумла, аз оғози соли 2018 то имрӯз дар шаҳрҳои саноатии Суғд — Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол дар маҷмӯъ 50 маротиба чунин ярмаркаҳо ташкил гардида, дар онҳо ба сокинон зиёда аз 3566,3 тонна маҳсулот бо нархҳои 20-30 фоиз арзонтар пешниҳод гардонида шуданд.








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






