Дар Тоҷикистон давоми се соли оянда беш аз 30 фестивалу намоиш ва иду озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳу сифати боз ҳам баландтар доир карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 14.12.2018./АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми се соли оянда беш аз 30 фестивалу намоиш ва иду озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳу сифати боз ҳам баландтар доир карда мешаванд. Дар ин бора 13 декабр Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.
Бо банди аввали санади мазкур Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ карда шуд. Тибқи ин ҷадвал давоми се соли оянда дар мамлакат беш аз 30 фестивалу намоиш ва иду озмун, аз ҷумла моҳи январ ҷанши Сада, моҳи феврал Намоиши ниҳолҳо «Самари умри деҳқон» ва Фестивали заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз…», моҳи март Фестивали «Чакомаи гесӯ» ва ғайра баргузор карда мешаванд. Сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон бори аввал шоҳид ва иштирокчии бевоситаи Фестивали либосҳои миллӣ ва муосир (моҳи июл), Фестиавали яхмос ва обҳои ташнишикан (август), фестивал-намоишҳои ангур ва дигар анвои меваҷот (сентябр), шолӣ ва биринҷ (октябр), чорвои зотӣ (ноябр), шириниҳои миллӣ ва муосир (декабр), ҳамчунин озмунҳои ҳунарҳои ороишӣ аз санг (январ), дастархонороӣ (феврал), омода кардани хуришҳои миллӣ ва муосир (май), каандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ, кулолгарӣ, мисгарию оҳангарӣ (июн), кулогарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ (июл) мегарданд. Бори аввал яке аз идҳои қадимии халқи тоҷик – «Сайри гули лола» дар шакли фарогир ва ҷаззоб гузаронида хоҳад шуд.
Вобаста ба ин имрӯз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо роҳбарони вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳое, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраршуда баргузор намудани ин тадбирҳо масъул гардонида шудаанд, машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат зикр карда шуд, ки вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои масъул бояд низомномаи фестивал, намоиш, ид ва озмунҳоро таҳия ва сари вақт ба мақомоти маҳаллӣ ирсол намоянд. Фестивал ва озмунҳо дар се давра баргузор карда мешаванд: давраи аввал дар сатҳи маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳракҳо, давраи дуюм – дар сатҳи ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо ва давраи ниҳоӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ.










Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид






