ДАРАХТ БИНШОН! Дар Балҷувон оид ба тарзи шинонидани ниҳолҳо машварат доир гардид

Декабрь 22, 2018 14:03

БАЛҶУВОН, 22.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯнамоии нахустини  рубрикаи нав дар сомонаи АМИТ «Ховар»: «ДАРАХТ БИНШОН!».    Зери ин рубрика мо бо арҷгузорӣ ба яке аз амалҳои дерина ва неки мардуми кишварамон – дарахтшинонию боғсабзонӣ  пайваста маводҳо чоп хоҳем кард. Инак, маводи аввал аз ин силсила.

Бо мақсади бунёди боғҳои нав ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза бахши кишоварзии ноҳияи Балҷувон бо ҷалби мутахассисони соҳа ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ машварати омӯзишӣ доир намуд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҳадафи машварат аз фаҳмонидани тарзи интихоб ва шинонидани ниҳолҳои мутобиқ ба шароити иқлими минтақа иборат буд. Ба машварати омӯзишӣ боғдорони Ҷамоати деҳоти Балҷувон ҷалб гардида, ба онҳо тарзи коркарди байни қатори ниҳолҳо ва нарм кардани замини боғҳо омӯзонида шуд.

Тавре масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, дар аксари ноҳияҳо барои амалӣ намудани «Барномаи давлатии рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» даҳҳо адад трактору мошинолот дастрас карда шудаанд, ки мушкилоти кишоварзонро дар самти шудгору кишт ва бунёди боғҳо осон гардонидаанд.

Зикр шуд, ки дар ноҳия 2481 гектар боғ мавҷуд буда, имсол 28 гектар боғи нав бунёд карда шудааст. Соли 2019 дар ноҳияи Балҷувон  ташкили хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ба нақша гирифта шудааст, ки имкони таъмини боғдорони ноҳия бо ниҳолҳои ба шароити иқлими минтақа мусоид ва арзон фароҳам меояд. Гуфта шуд, ки дар ҳамоишҳои оянда олимони соҳа даъват карда мешаванд ва ба кишоварзон маслиҳатҳои муфид дар самти пешбурди боғдорӣ хоҳанд дод.

 

Декабрь 22, 2018 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд