ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маъракаи ниҳолшинонӣ вусъат меёбад

Декабрь 26, 2018 11:37

ХУҶАНД, 26.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободонӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ ва ободу сарсабз гардонидани маҳалҳо оғоз гардида, сокинони касбу кори гуногун дар корҳои бунёдкорӣ якдилона иштирок доранд. Аз ҷумла, чунин як ҳашари дастаҷамъонаи  ниҳолшинонӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гардид, ки дар он раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд иттилоъ доданд, давоми солҳои охир ташкил ва баргузории чунин ҳашарҳои умумӣ ба анъанаи нек даромада, сокинони шаҳру ноҳияҳо бо иштироки дастаҷамъона дар ободонии маҳали зисти худ  саҳми арзанда мегузоранд.

Зимни иштирок дар ҳашар Раҷаббой Аҳмадзода маъракаи дарахтшинониро амали нек арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки дар вақти шинонидани ниҳол ва сабзиши он бояд маслиҳати мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба инобат гирифта шуда, ба риояи қоидаи агротехникии он аҳамияти хосса дода шавад, то ниҳолҳо хушк нашаванд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯз дар ҳашари ниҳолшинонӣ дар шафати роҳи мошингарди Хуҷанд – Ашт беш аз ҳазор бех дарахтони сафедор ва садҳо бех ниҳоли санавбар шинонида шуданд.

Декабрь 26, 2018 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд