«ДЕҲҚОН БОШӢ…». Дар ҷумҳурӣ шудгори заминҳои кишоварзӣ бомаром идома дорад
ДУШАНБЕ, 12.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Гуфтаанд: «Олим бошӣ такрор кун, деҳқон бошӣ шудгор кун». Воқеан ҳам шудгори саривақтӣ ва омода намудуни замин ба киштукори баҳорӣ аз вазифаҳои асосии кишоварзон ба ҳисоб меравад. Мувофиқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 607 ҳазору 830 гектар шудгори заминҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад. Аз мусоид омадани боду ҳавои имсола кишоварзони мамлакат самаранок истифода намуда, шудгори заминҳоро вусъат бахшида истодаанд.
Тавре мутахассиси шуъбаи матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, то 7 декабри соли равон дар майдони 259 ҳазору 705 гектар шудгор гузаронида шудааст. Ин 43%-и иҷрои дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48 300 гектар зиёд мебошад.
Шудгори тирамоҳӣ, ки асоси камшавии касаливу ҳашароти зараррасон, захираи намӣ дар майдонҳои кишт ва омили серҳосилии заминҳо маҳсуб мешавад, дар ҷумҳурӣ бо суръат идома дорад.
Ба иттилои манбаъ, имрўзҳо шудгори заминҳо дар вилояти Суғд дар 28%, дар вилояти Хатлон 48%, дар ВМКБ 64% ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 58% иҷро шудааст.
Ба иттилои манбаъ, барои сари вақт ва бо сифати хуб ба анҷом расонидани шудгори заминҳо 20 ҳазору 22 адад трактор сафарбар карда шудаанд, ки аз он 3430 ададаш мавриди истифода қарор доранд.








Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид






