Деҳқонони ноҳияи Лахш ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ беш аз 15 ҳазор тонна картошка содирот намуданд

Декабрь 6, 2018 15:54

ЛАХШ, 06.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Лахш имсол аз майдони 2977 гектар 67 ҳазору 165 тонна картошкаи хушсифат истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 15 829 тонна зиёд мебошад. Дар ин бора  мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш Насим Худоёров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Тибқи иттилои масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия, дар ин давра аз ҳисоби ҳосили ба дастовардаи деҳқонон зиёда аз 15 170 тонна картошка ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ содирот шудааст. Дар сохтори кишоварзӣ 8892 тонна картошкаи тухмии навъҳои   «Тоҷикистон» ва «Сурхоб» захира гардидааст.

Кишоварзони ноҳия соли равон бо мақсади таъмини дастуру супоришҳои  бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  3000 гектар картошка кишт намуданд, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 500 гектар зиёд мебошад. Имсол деҳқонон аз ҳар як гектар  225,6 сентнерӣ ҳосил рӯёниданд.

Соли равон дар вақти ҷамъоварии картошка дар минтақаҳои баландкӯҳи ноҳияҳои Лахшу Тоҷикобод бо  сабаби якбора то 10-12 дараҷа  паст шудани ҳарорати ҳаво ва рӯзҳои 17 ва 18 октябри соли равон боридани барф баъзе хоҷагиҳои картошкапарвар, аз ҷумла   хоҷагии «Сурхоб»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисман кишоварзони ноҳияи Тоҷикобод зарар диданд.

Сардори хоҷагии «Сурхоб»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Гундушков гуфт, ки «имсол дар майдони 143 гектар картошкаи дарозпалак кишт намудем, ки  як гектари он то 380 сентнер ҳосил дод. То рӯзҳои  17 октябри соли ҷорӣ 1276 тонна картошка ҷамъоварӣ намудем. Вале аз сабаби паст шудани ҳарорати ҳаво ва боридани барф то 40 фоизи ҳосили картошка талаф ёфт, 26 гектар картошка зери хок монд ва зиёда аз 25 тонна каду пурра нобуд гардид».

Сардори шуъбаи кишоварзии ноҳияи Тоҷикобод Фазлиддин Қурбонов мегӯяд, ки имсол картошкапарварони ноҳия аз майдони 660 гектар 14 652 тонна картошкаи хушсифат ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1570 тонна зиёд мебошад. Аммо аз сабаби хунукии бармаҳал дар ноҳия 432 тонна картошка ва 82 тонна мева зарар дидаанд.

Заминҳои баландкӯҳи минтақаи мазкур ҳосилнокии зиёд дошта, дорои чашмаҳои фаровон мебошанд. Дар ин заминҳо аз сабаби дер об шудани барфу тармаҳо дар охири мавсим картошка кишт мекунанд. Тибқи андешаи мутахассисон, дар ин мавзеъҳо навъҳои картошкаи пешпазак кишт менамоянд, ки ҷамъоварии он охири моҳи сентябр оғоз гардида, як моҳ зиёдтар давом мекунад. Мутаассифона, имсол пастшавии якбораи ҳарорати ҳаво ҳамчун як офати табиӣ ба ҳосили кишоварзон зарар расонд.

 

Декабрь 6, 2018 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад