Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Агентии мустақили аккредитатсия ва баҳогузории Қазоқистон шартнома ба имзо расонид

Декабрь 3, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 03.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Инкишофи қонунгузорӣ, рушди қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ дар замони муосир, муаммоҳои такмили қонунгузорӣ дар соҳаи муносибатҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, роҳҳои такмили амалияи таълими фанҳои ҳуқуқшиносӣ аз масъалаҳое буданд, ки охири ҳафтаи гузашта дар конференсияи байналмилалии илмӣ-методӣ таҳти унвони «Масоили мубрами илми ҳуқуқшиносии муосир ва роҳҳои ҳалли онҳо: назария ва амалия» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Конференсияи байналмилалӣ дар Донишгоҳи давлатии  ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон /ДДҲБСТ/ доир гардида, дар кори он намояндагони Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон иштирок доштанд.

Иштирокдорон пеш аз ҳамоиш аз дастоварди олимону устодон ва донишҷӯён,  фаъолияти марказҳо ва озмоишгоҳҳои амалкунандаи донишгоҳ дидан  карданд. Ректори донишгоҳ   профессор Мумин Шарифзода зикр намуд, ки «баргузории ин ҳамоиши байналмилалӣ дар шароити имрӯзаи кишвари соҳибистиқлоламон  ҷиҳати ташаккули мафкураи  ҳуқуқии  ҷомеа, татбиқи қонунҳо, инкишоф ва ташаккули қонунгузорӣ, хосатан  ҳалли масъалаҳои мубрами илми  ҳуқуқшиносӣ бо назардошти раванди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии  ҷаҳони муосир саҳмгузор хоҳад шуд».

Муовини аввали Вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо  ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода  доир ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаи муносибатҳои ҳуқуқи байналмилалӣ сухан карданд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазоқулов, директори Агентии мустақили аккредитатсия ва баҳогузории Ҷумҳурии Қазоқистон Алина Жумагулова, дотсенти Донишгоҳи иқтисоди  ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абулҳай Муминов, мушовири лоиҳаи муштараки Маркази миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва СММ Мирзатилло Тиллабоев, ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд Беҳрӯз Қурбонзода ва дотсенти кафедраи  ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ Бахтиёр Самадов маърӯза намуданд.

Зимни марӯзаҳо масъалаҳои инкишофи қонунгузорӣ,  роҳҳои такмили амалияи таълими фанҳои ҳуқуқшиносӣ ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар анҷоми бахши ифтитоҳӣ байни донишгоҳ ва Агентии мустақили аккредитатсия ва баҳогузории  Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ташкил ва аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои муносибатҳои байналхалқӣ (дипломатия), ҳуқуқшиносӣ, молия ва қарз шартнома ба имзо расид.

Ҳадафи баргузории  ҳамоиши байналмилалӣ муайян намудани асосҳои  назариявӣ ва амалии  муаммоҳои  илми ҳуқуқ,  дарёфти роҳҳои  такмили методикаи таълими ҳуқуқшиносӣ, ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаи мутахассисони соҳаи ҳуқуқ дар муайян намудани дурнамои рушди он арзёбӣ мегардад.

Декабрь 3, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст