Ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар Россия аз сӯхтор дар манзили истиқоматиашон ба ҳалокат расиданд
ДУШАНБЕ, 27.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабри соли 2018 тақрибан соатҳои 07:30 дар деҳаи Старие Кандрии ноҳияи Туймазии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Додова Амина Раҳимҷоновна, соли таваллудаш 26 ноябри соли 2014 ва Додова Амриниссо Раҳимҷоновна, соли таваллудаш 9 апрели соли 2016, зодагони ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати фавқулода — сӯхтори хонаи истиқоматӣ дар рахти хобашон ба ҳалокат расидаанд.
Тавре сардори маркази матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Иброҳим Аҳмадов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, санаи зикршуда кормандони Хадамоти оташнишонии ВҲФ Федератсияи Россия дар ноҳияи Туймазӣ сари вақт огоҳ гардида, ба ҷойи ҳодиса ҳозир мегарданд. Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ онҳо аз сабаби оташ гирифтани тамоми атрофи хонаи истиқоматӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро наҷот дода натавонистанд.
Тибқи иттилои манбаъ, корманди Намояндагӣ оҷилан қазияи мазкурро мавриди пайгирӣ қарор дода, баҳри муайян кардани шахсияти фавтидагон бо муовини сардори шуъбаи кумитаи тафтишотии ноҳияи Туймазии Ҷумҳурии Бошқирдистон Нигматулин Илнар Наилович (8-347-827-20-62 корӣ) тамос гирифта, бо шахси мутасаддии тафтишоти ин ҳодисаи нохуш- муфаттиши шуъбаи тафтишотӣ Артур Ринатович (8-927-234-22-82 дастӣ) ҳамсуҳбат гардид.
Зимни суҳбат муайян гардид, ки дар ҳақиқат ҳодисаи нохуш сар зада, нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Айни ҳол аз ҷониби мақомоти дахлдор корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Зимни ин мулоқот аз ҷониби Намояндагӣ хоҳиш карда шуд, ки барои ҳарчи зудтар интиқол додани фавтидагон ба Ватан кумаки худро дареғ надоранд. Корманди Намояндагӣ ҳамчунин бо падару модари фавтидагон — Додов Раҳимҷон Маҳмадович ва Ҷӯраева Замира Ҳасановна, истиқоматкунандагони ноҳияи ба номи А.Ҷомии вилояти Хатлон ҳамсуҳбат гардид. Аз суҳбат бо онҳо дақиқ гардид, ки ҳангоми сар задани сӯхтор падари фавтидагон бо падарарӯсаш дар ноҳияи Алметаи шаҳри Қазон барои пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати гирифтани шаҳрвандии Федератсияи Россия қарор дошта, модарашон дар утоқи дигари хонаи истиқоматӣ хоб будааст. Модари онҳо ҳангоми огоҳ гаштан аз сӯхтор имконияти наҷот додани фарзандонашро надоштааст.
26 декабри соли 2018 фавтидагон аз ҷониби волидайн дар ноҳияи Туймази Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия ба хок супорида шуданд.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






