ГРАФОЛОГИЯ: ҲУСНИ ХАТ ЧИРО МЕФАҲМОНАД? Дар ноҳияи Шаҳринав Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳусни хат» доир гардид

Декабрь 12, 2018 14:15

ШАҲРИНАВ, 12.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар толори Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шаҳринав бо иштироки мутахассисони САҲШ аз шаҳри Душанбею ноҳияҳои тобеи марказ ва фаъолону кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия Озмуни ҷумҳуриявии фарҳангӣ-маърифатии «Беҳтарин ҳусни хат» баргузор гардид. Дар ин бора мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Шаҳринав Зарина Исматова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Зарина Исматова  иброз намуд, ки «аҷдодони мо аз гузашта ба ҳусни хат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ин амалро ҳамчун анъана то ба мо расонидаанд. Он замонҳо дорандаи беҳтарин ҳусни хат китобҳо менавишту дар деворҳои аркҳо бо ҳусни хати худ шиорҳо сабт мекард. Равоншиносон аз рӯи ҳусни хат ғоибона табиати инсонро муайян менамуданд, ки ин илмро графология меноманд. Имрӯзҳо гарчанде, ки  технология тараққӣ кардааст, шаҳодатномаи таваллуд, никоҳ, диплом, аттестат ва дигар намуди ҳуҷҷатҳо бо дастхат навишта мешаванд. Албатта, барои пур кардани чунин ҳуҷҷатҳои махсус дорандаи беҳтарин ҳусни хат интихоб мегардад. Барои ин амал пайваста озмунҳо баргузор мегарданд».

Дар озмун инчунин ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дасти ҳунармандони ноҳия ба намоиш гузошта шуданд, ки аз ҷониби меҳмонон хуш қабул гардиданд. Кормандони бахш ва котибони ҳафт ҷамоат  бо навиштани шаҳодатномаҳо ҳусни хати худро ба озмун пешниҳод намуда, беҳтаринҳо соҳиби ифтихорнома гардиданд.  Дар ин озмун ба модарони 10 тифли навзод шаҳодатномаҳои таваллуд ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи озмун аз ҷониби Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тарҳрезӣ шуда, он дар тамоми ноҳияҳо доир гардида истодааст.

Декабрь 12, 2018 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид