Имрӯз дар Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол 2018» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 20.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол 2018» оғоз ёфт. Озмуни мазкур миёни хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат роҳандозӣ шуда, довталабони 20 муассисаҳои таълимии кишвар дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иншои озод менависанд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмуни «Донишҷӯи сол» бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни мамлакат дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ, таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва дарёфти донишҷӯи беҳтарину лаёқатманд эълон шуда, ҳамасола доир карда мешавад.
Тибқи низомонома, даври аввали озмун дар сатҳи маҳал миёни тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир гардида, ғолибони даври аввал ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур ду рӯз идома ёфта, баъд аз ҷамъбасти он ғолибон бо ҷоми ифтихорӣ ва стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи як соли хониш сарфароз гардонида мешаванд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






