Иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар Форуми 6-уми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Декабрь 12, 2018 15:27

ДУШАНБЕ, 12.12.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дар шаҳри Янгҷоуи музофоти Ҷиансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин даври шашуми Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим роҳбарӣ намуд.

Дар ҳошияи иштирок дар форуми мазкур вохӯриҳои дуҷонибаи Азим Иброҳим бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии вакилони мардумӣ Ван Чэн, роҳбарияти музофоти Ҷиансу ва роҳбарияти шаҳри Янгҷоу доир гардиданд.

Дар рафти суханронии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форум ва дар вохӯриҳои дуҷониба ҳолати ҳозира ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд. Бо изҳори қаноатмандӣ робитаҳои фаъол дар сатҳи олӣ ва дигар сутуҳ,  инчунин  болоравии эътибори сиёсии мутақобила миёни Тоҷикистон ва Чин  зикр  гардида, мавзӯъҳои таҳкими минбаъда ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳо ва чорабиниҳои муштарак, ҳамкориҳои байниминтақавӣ, тақвияти робитаҳо дар соҳаи маориф ва фарҳанг  баррасӣ  шуданд.

Бо истифода аз имконияти мазкур ҳайати Тоҷикистон дар доираи форум фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишварро тавассути рӯнамоии (презентатсияи) пурмуҳтаво муаррифӣ намуд.

Ҳамчунин бо мақсади истиқрори муносибатҳои корӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдои шаҳри Янгҷоу Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонда шуд.

Оид ба натиҷаҳои форум ташаббуси Янгҷоу маъқул дониста шуд, ки истиқрори ҳамкориҳо ва табодули сайёҳиро байни шаҳрҳои Янгҷоу ва кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ менамояд. Ин иқдом дар қатори 20 шаҳри ҳамкорӣ панҷ шаҳри Ҷумҳурии Тоҷикистон – Душанбе, Кӯлоб, Хоруғ, Хуҷанд ва Бохтарро дарбар мегирад.

Мувофиқа ба даст омад, ки ба муносибати Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи Фестивали байналмилалӣ оид ба сайёҳии иқтисодӣ ва тиҷоратии «Фейерверк-март» моҳи апрели соли 2019 Намоиши фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон баргузор карда шавад.

Ҳайати Тоҷикистон аз корхонаҳои пешсафи маҳаллӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои инноватсионӣ, инчунин аз ҷойҳои шоёни диққати фарҳангию таърихӣ ва сайёҳии шаҳри Янгҷоу дидан намуд.

Декабрь 12, 2018 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд