«Масъалаҳо ва дурнамои татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави байналмилалӣ»-таҳти чунин унвон ҳамоиш доир мегардад

Декабрь 3, 2018 14:00

ДУШАНБЕ, 03.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 4 декабри соли 2018 соати 9:00 дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи  «Масъалаҳо ва дурнамои татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави байналмилалӣ» бо иштироки роҳбарони ниҳодҳои дахлдори давлатӣ, вазоратҳо, коршиносони варзидаи соҳа, марказҳову пажӯҳишгоҳҳои илмӣ  -тадқиқотӣ конфронси илмию амалӣ баргузор мегардад.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ташкилкунандаи ҳамоиши мазкур аст, ҳадафи онро таҳлил ва роҳҳои тақвияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар дар ҷаҳони муосир, барои коршиносону мутахассисони соҳа фароҳам кардани имконият ҷиҳати баррасии ҷанбаҳои гуногуни сиёсати хориҷии кишвар, хусусиятҳои он дар робита ба таҳаввулоти босуръат ва душвори пешгӯишавандаи сиёсати ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд.

Ба иттилои марказ, дар ҷамъомад дастовардҳои сиёсати хориҷии кишвар дар замони муосир, таъмини амнияти комили миллӣ ва вобастагии он ба сиёсати хориҷии кишвар, таҳлили вазъ ва роҳҳои такмили идоракунии сиёсати хориҷии кишвар, ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, дурнамо ва мушкилот, арзёбии дастовардҳо дар рушди ҳамкорӣ бо шарикони стратегӣ,   дар мисоли Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд.

Инчунин моҳият, зарурат ва дурнамои сиёсати «дарҳои кушод»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули асосҳои назариявию методологии сиёсати хориҷии мамлакат, ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи ҳамкорӣ   дар танзим ва истифодаи манобеи обӣ, масъалаҳои асосӣ  ва механизмҳои татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳияти сиёсати минтақавии ҷумҳурии мо  дар шароити нави байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор  мегиранд.

Декабрь 3, 2018 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд