Низомиддин Зоҳидӣ ва Лю Бин зимни мулоқот таҷрибаи хуби ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чинро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 12.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Бин 11 декабр мулоқот анҷом дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба ва рушди ҳамкории мутақобилан судманди ду кишварро дар дурнамои наздик, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, нақлиёт, туризм, фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо инчунин таҷрибаи хуби ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чинро дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ бо қаноатмандӣ таъкид намуданд. Дар ин росто дар мавриди баргузории ҳамоишҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар қаламрави ду кишвар табодули афкор сурат гирифт.
Дар фарҷоми мулоқот муовини якуми вазир ба Сафири навтаъйини кишвари дӯст муваффақиятҳо таманно намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкории мутақобилан судманд ва ширкатҳои стратегии ду кишвари ҳамҷавор боз ҳам равнақ хоҳанд ёфт.








Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






