ОБУ ҲАВО: дар охирин рӯзи соли 2018 ҳавои Тоҷикистон тағийрёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст

Декабрь 31, 2018 08:35

ДУШАНБЕ, 31.12.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағийрёбанда шуда,  фаромадани туман    дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -7-12   дараҷа сард,  рӯзона -1+4,  дар шарқи ин вилоят шабона -23-28  ва рӯзона -3-8  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  фаромадани туман дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -4+1  ва рӯзона  3+8  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда,    фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона   +9+14  дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда, фаромадани туман  дар назар аст.  Ҳарорат шабона ба 0+5  ва рӯзона   ба  9+14  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,  шабона 0-2  ва рӯзона +10+12 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 31, 2018 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад