ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид шуда, боридани борон ва барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 19.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 20 декабри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешбинӣ шуда, боридани борону барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 то -5-10, рӯзона -2+3 ва дар шарқи ин вилоят шабона -12-17 ва рӯзона -1-6 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо боридани борон, ки ба барфи тар мубаддал мегардад ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона аз 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар давоми рӯз дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона +7+12 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо рӯзона борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст. Ҳарорат шабона ба 2+7 ва рӯзона ба 6+11 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, рӯзона боридани борон дар назар аст. Ҳарорат шабона 4+6 ва рӯзона +8+10 дараҷа гарм мешавад.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






