Ғолибони Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд — 2018» муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 06.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд — 2018» баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд-2018» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, мақсади асосии он, пеш аз ҳама, аз тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ ва рушди атласу адрасбофӣ иборат буд.
Фестивал дар чанд бахш доир шуда, довталабон барои ғолибият намунаҳои либосҳои омодакардаи худро пешниҳоди ҳакамон намуданд. Дар натиҷа Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд — 2018» ва 5 ҳазор сомонӣ мукофот насиби тарроҳ Нилуфар Тоҷибоева аз шаҳри Хуҷанд гардид.
Ҳамчунин дар бахши «Беҳтарин либоси миллии арӯсию домодӣ» ҷои аввал насиби тарроҳ Абӯбакр Хоҷаахмедов аз шаҳри Панҷакент гардида, номинатсияи «Беҳтарин либоси кӯдакона» ба тарроҳ Малоҳат Набиева аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, «Беҳтарин либоси расмӣ» ба Гулҷаҳон Норчаева аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Беҳтарин либоси идона» ба Орзугул Бердиева аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки фестивали мазкур дар ду давр баргузор шуда, даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва даври дуюм дар маркази вилоят бо иштироки ғолибони даври аввал гузаронида шуд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






