Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Акси беҳтарин» муайян шуданд

Декабрь 21, 2018 16:30

ДУШАНБЕ, 21.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни  ҷумҳуриявии «Акси беҳтарин» баргузор гардид. Озмуни  мазкур бахшида ба Соли руши сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шуда, мақсад аз баргузории он муаррифии мавзеъҳо ва табиати нотакрори Тоҷикистон мебошад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хабар доданд, озмуни мазкур аз ҷониби маҷаллаи «Сарзамин» гузаронида шуд. Дар маросими ҷамъбасти он раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, намояндаи Бунёди мусаввирони Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи суратгирони касбии Тоҷикистон иштирок ва сухан карданд.

Қурбон Ҳакимзода  зикр кард, ки Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ имкониятҳои беҳтарин ва бештарро барои рушди соҳаи сайёҳӣ соҳиб гашт. Мувофиқи маълумоти расонаҳои  иттилоотии маъруфи олам, имрӯз Тоҷикистон дар бозори сайёҳии ҷаҳон мавқеи намоён касб намуда истодааст «Ин аст, ки соли 2014 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонии «Глоб Спотс» («Globe Spots») ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарин барои сайёҳони саргузаштӣ ворид шуд. Шабакаи мазкур зикр намуд, ки «манзараҳои ин кишвар ҳайратбахшона гуногунанд, ки дар ҳар қадам шуморо ба тааҷҷуб мегузоранд».

Дар маводи сомонаи мазкур инчунин гуфта шудааст, ки «дар Тоҷикистон асосан сайёҳон аз водии Зарафшон ва инчунин аз кӯҳҳои Помир дидан менамоянд. Балҷувон, Ромит ва Варзоб онҳоро барои истироҳати фарҳангӣ ҷалб менамоянд. Сокинони ин ноҳияҳо метавонанд озодона сайёҳонро бидуни кумаки кормандони ширкатҳои сайёҳӣ қабул намоянд».

Ширин Амонзода дар навбати худ иброз дошт, ки «Тоҷикистон дорои мавзеъҳои зиёде мебошад, ки месазад онҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Озмуни имрӯзаро, бешак, метавон муаррифи ин имкониятҳо арзёбӣ намуд».

Дар идомаи ҷамъомад ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Акси беҳтарин» муайян ва бо туҳфаҳои пуливу сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамин тариқ, шоҳҷоизаи озмун ба аксбардори шинохта Аминҷон Азимов, ҷойи дуюм ба Баҳодур Турсунов ва Комрон Комилзода ва ҷойи сеюм ба Баҳром Ҷалилов, Баҳриддин Исомуддинов, Шаҳриёр Олимӣ дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки беҳтарин иштирокчиёни озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Декабрь 21, 2018 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд