Пешвои миллат: «Бояд дар оянда тавонем ҳар сол то 10-15 % маош ва нафақаю стипендияро баланд бардорем»
ДУШАНБЕ, 26.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи сентябри соли 2018 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин нафақа ва стипендия то 15% баланд бардошта шуд. Ин нуктаро имрӯз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат баён доштанд.
Сарвари давлат дар идомаи суханони худ гуфтанд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои амалӣ намудани ин иқдом дар соли 2019 1,2 миллиард сомонӣ равона мегардад.
-Дар асоси барномаҳои қабулгардида, — гуфтанд Пешвои миллат, — мо бояд тарзе заҳмат кашем, ки барои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа дар солҳои минбаъда низ заминаҳои зарурӣ гузошта шаванд.
«Яъне мо бояд дар оянда тавонем бо роҳи рушди иқтисодии мамлакат, саноатикунонӣ, рушди истеҳсолот, бо назардошти сарчашмаҳои иловагии буҷети давлатӣ ҳар сол то 10-15 % маош ва нафақаю стипендияро баланд бардорем», — илова намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






